Рушди чашмгири содироти ширкати нафти Сипоҳони Эрон дар соли ҷорӣ
(last modified Fri, 21 Jun 2024 16:58:11 GMT )
Июн 21, 2024 21:58 Asia/Dushanbe
  • Рушди чашмгири содироти ширкати нафти Сипоҳони Эрон дар соли ҷорӣ

Порстудей. Ҷамъи фурӯши содиротии ширкати нафти Сипоҳони Эрон нисбат ба соли гузашта ҳудуди 695 миллиард тумон рушд доштааст.

Ширкатҳои эронии фаъол дар тавлиди равғанҳои санъатӣ бо рушди чашмгир дар солҳои ахир тавонистаанд илова бар таъмини ниёзҳои дохил, бахше аз ниёзи бозорҳои хориҷиро ҳам таъмин кунанд.

Ба гузориши Порстудей, суратҳои молии мунташиршуда нишон медиҳад, ки ҷамъи фурӯши содиротии ширкати нафти Сипоҳон аз ибтидои соли молӣ то поёни урдибиҳишти имсол ба ҳудуди 2 ҳазору 153 миллиард тумон буда, ки дар муқоиса бо фурӯши содироти муддати мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 695 миллиард тумон рушдро нишон медиҳад.

Ҳамзамон бо рушди содирот, фурӯши дохилии нафти Сипоҳон ҳам бештар шудааст.

Оморҳо нишон медиҳад, ки ин ширкат аз ибтидои соли молӣ то поёни урдибиҳишт якҳазору 683 миллиард тумон фурӯши дохилӣ дошта, ин дар ҳолест, ки фурӯши он дар муддати мушобеҳи соли гузашта танҳо якҳазору 286 миллиард тумон гузориш шуда буд.