Тавофуқи Эрон ва Қирғизистон барои густариши ҳамкориҳо дар заминаи тавлиди энергия
(last modified Sat, 22 Jun 2024 06:24:59 GMT )
Июн 22, 2024 11:24 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон ва Қирғизистон барои густариши ҳамкориҳо дар заминаи тавлиди энергия

Вазирони неру ва энергия Эрон ва Қирғизистон дар нишасте бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи тавлиди энергия ва иҷрои тарҳҳои барқӣ-обӣ таъкид карданд.

 Ба гузориши хабаргузории Эрон пррес; Алиакбар Меҳробиён-вазири неруи Эрон рӯзи ҷумъа дар ҳошияи чаҳорумин нишасти вазирони энергияи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар дидор бо Тиллобек Иброев-вазири энергияи Қирғизистон зимни муаррифии имкониятҳои Эрон дар бахши нафту газ гуфт: Дар ҳавзаи барқ, Эрон солона ҳудуди 360 миллиард киловатт соат тавлиди барқ дорад.

 Меҳробиён бо баёни инки дар саноъати барқ ва  нафту газ Эрон кишвари соҳиби технологӣ аст ва ба бисёре аз кишварҳо хадамот ироа медиҳад, идома дод: Ширкати эронии Фароб тахассуси сохти неругоҳи барқӣ-обӣ дорад ва дар кишварҳои Тоҷикистон, Ироқ ва Шри-Ланка таҷрибаи иҷрои тарҳро доштааст.

 Тиллобек Иброев, вазири энергияи Қирғизистон низ дар ин дидор бо иқрор ба тавонмандии Эрон дар арзаи нафт ва фаровардаҳои нафтӣ аз омодагӣ барои густариши ҳамкориҳо хабар дод.

 Чаҳорумин нишасти вазирони энергияи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки аз рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон оғоз шудааст, то 22 июн идома хоҳад дошт.