Июн 22, 2024 16:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар ҳалу фасли масоили мардум бар асоси адолат

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, «ҳалу фасли масоил ва ихтилофоти мардум бар асоси адолат» ва «ҷилавгирӣ аз убӯр аз хати қирмизи қонӯн»-ро аз масъулиятҳои аслии дастгоҳи қазо донистанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе дар дидори масъулони қувваи қазоияи Эрон, «ҳалу фасли масоилу ихтилофоти мардум бар асоси адолат» ва «ҷилавгирӣ аз убӯр аз хати қирмизи қонӯн»-ро аз масъулиятҳои аслии дастгоҳи қазо баршумурданд ва афзуданд: Муҳимтарин вазифаи дастгоҳи қазоӣ, иҷрои шуҷоъона ва бидуни мулоҳизаи адолат аст.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар инки дар Қуръон ва соири манобеи исломӣ бар камтар масаълае монанди «адолат» такя шудааст, шуҷоатро лозимаи иҷроии адолат донистанд ва гуфтанд: Қузот бояд ба қавонини дохилӣ ва на манобеи ҳуқуқи башари Ғарб истинод кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома бо ишора ба пеши рӯ будани чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатиҷумҳурии Эрон, дар тавсияе муҳим хитоб ба номзадҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ таъкид карданд, ки мабоҳиси номзадҳо дар телевизион ё изҳороти дигари онҳо мӯҷиб нашавад, ки як номзад барои ғалаба бар рақиб, ҳарфи душманписанд ва душманшодкун бизанад.

 

Барчасп