Эрон; дорои беҳтарин марокизи дармони ноборварӣ дар дунё
Раиси Маркази таҳқиқоти саломати мардон ва беҳдошти борварии Донишгоҳи улӯми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ гуфт, Эрон беҳтарин марокизи дармонии ноборварии дунёро дораду дармонҷӯёни хориҷӣ ба далели пизишкони ҳозиқу таҷҳизоти ба рӯзи пизишкӣ ба Эрон меоянд.
Ноборварӣ фақат лаззати падар ё модар буданро аз завҷҳо намегирад, балки боиси коҳиши рушди ҷамъият низ мешавад.
Имрӯза дармони ноборварӣ дар Эрон пешрафтҳои фаровоне дошта ва дигар лозим нест, завҷҳои ноборвар барои дармон роҳии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аврупоӣ, шаванд.
Мушкилоти ноборварии оқоён тайфи васеъеро шомил мешавад, ки бештари ин бемориҳо қобили дармон ҳастанд ва бо текникҳои ҷадиди дармони ноборварӣ, метавон мушкилоти борвариро дар мардону занон рафъ кард ва онҳо метавонанд бачадор шаванд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амирризо Обидӣ, раиси Маркази таҳқиқоти саломати мардон ва беҳдошти борварии Донишгоҳи улӯмпизишкии Шаҳид Биҳиштии Эрон, гуфт, маркази “ Рӯён” акнӯн ба унвони яке аз 10 маркази бартари дунё дар заминаи дармони ноборварӣ шинохта мешавад ва хеле аз корҳои марбӯт ба ноборвариро анҷом медиҳад.
Вай афзуд, иқдомоти бисёр пешрафта ва пизишкони ҳозиқи эронӣ ва ҳазинаи муносиб боис шуда то аз кишварҳои арабӣ, монанди Ироқу Дубай ва низ Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳато бархе аз кишварҳои аврупоӣ завҷҳои зиёде барои дармони ноборварӣ ба Эрон биёянд.