Дабири Ситоди ҳуқуқи башар: Амрико бо мардуми Эрон содиқ нест
Дабири Ситоди ҳуқуқи башар ва муовини умури байналмилалии қувваи қазоияи Эрон гуфт, Амрико бо мардуми Эрон содиқ нест.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Козими Ғарибободӣ, дабири Ситоди ҳуқуқи башару муовини умӯри байналмилалии қувваи қазоияи Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти хабар, бозхонӣ ва ифшои ҳуқуқи башари амрикоӣ гуфт, ҷиноёте, ки Амрико зидди мардуми Эрон анҷом додааст набояд фаромӯш шавад, мардум ва сиёсиюн бояд огоҳ бошанд, ки Амрико бо мардуми Эрон содиқ несту ҳимоят аз гурӯҳакҳои террористӣ, тадовуми таҳримҳои золимонаи Амрико идома дорад.
Вай тасреҳ кард, рафторҳои зиддиинсонӣ ва ваҳшиёнаи зиддидонишҷӯён ва устодон дар Амрико ба ҳамаи ҷаҳонёни ошкор шудаасту ҷиноёте, ки Амрико зидди мардуми Эрон анҷом дода намунаҳои кӯчаке аз рафторҳои зидди ҳуқуқи башарии Амрикоиро нишон медиҳад.
Ғарибободӣ афзуд, Амрико дар тӯли таърихи пайдоиши ин кишвари миллионҳо нафари инсон бегуноҳро кушта ва ҳамчунон ҳуқуқи занон ва рангинпӯстон дар Амрико нақз мешавад.
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон ҳамчунин дар посух ба суоле дар хусӯси террорист хондани Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ аз сӯи давлати Канада гуфт, сипоҳи бахше аз неруҳои мусаллаҳи расмии ҷумҳурии исломӣ аст, ин неруҳо дар бахше аз ҳокимияти кишвар ҳастанд ва террорист хондани онҳо бар хилофи усӯли ҳуқуқи байналмилал аст.
Ғарибободӣ афзуд, Сипоҳи посдрони Инқилоби Исломӣ як неруи низомӣ аст, ки ҳофизи амнияти миллӣ ва марзҳои кишвар ва дастовардҳои Инқилоби Исломӣ аст ва нақши бисёр калидӣ дар саркӯби террористҳо дар минтақа ифо кардааст.
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари Эрон тасреҳ кард, Канада кишваре аст, ки бештарин иқдоми зидди ҳуқуқи башариро баъд аз Амрико зидди Эрон анҷом додааст.