Таъкиди Эрон бар мутолиботи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар чорчӯби NPT
Раиси Созмони энержии атомии Эрон бар мутолиботи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар чорчӯби муоҳидаи манъи ишоаи силоҳҳои ҳастаии NPT ва падман(чорчуби ҳуқиқи байналмиллал) ҷомеъ таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти хабарӣ ва дар посух ба инки Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) ахиран гуфтааст, ба самти дипломасӣ бо Эрон ва як тавофуқи ҷадид бояд рафт, гуфт, равобити Эрону ожонси мабноии қонӯнӣ дорад ва ин мабнои Паймони манъи ишоъаи силоҳҳои ҳастаии NPT ва падман ҷомеъ аст ва ожонс бояд дар ин чорчӯб ҳаракат кунад ва дар ҳамин қолаб мутолиба дошта бошад.
Исломӣ афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора таъкид карда, ки ҳамкории худро бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар чорчӯби мувофиқатномаи ҷомеъи падман идома дода ва масоили боқимондаи падманӣ низ бо рӯйкарди ҳирфаӣ ва бидуни ҷонибдории ожонс қобили ҳал аст.
Вай ҳамчунин пешрафтҳои ҳастаии Ҷумҳурии исломиро мадюни талошу иҳтимоми вижаи шаҳид Саидиброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳури фақид донисту афзуд, имрӯз болои 65 маҳсӯли радиои дору дар кишвар тавлид мешавад, ки як миллион бемор дар саросари Эрон аз он истифода мекунанд.
Исломӣ дар бораи раванди сохти воҳидҳои дувум ва сеюми нерӯгоҳи атомии Бушеҳр (ҷануби Эрон), низ гуфт, воҳидҳои дувум ва сеюми нерӯгоҳи Бушеҳр дар панҷ ва ҳафт соли оянда такмил мешаванд.