Таъмиқи равобити Эрон ва Русия бо имзои тафоҳумномаи интиқоли газ
(last modified Thu, 27 Jun 2024 05:40:28 GMT )
Июн 27, 2024 10:40 Asia/Dushanbe
  • Таъмиқи равобити Эрон ва Русия бо имзои тафоҳумномаи интиқоли газ
    Таъмиқи равобити Эрон ва Русия бо имзои тафоҳумномаи интиқоли газ

Сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрони имзои тафоҳумномаи муштарак барои интиқоли гази Русия ба Эронро гоми баланд дар ҷиҳати таъмиқи равобити ду кишвар ва иқдомии муассир бо ҳадафи тавсеаи иқтисодии минтақа донист .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо , « Муҳамади Мухбир » сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо « Владимири Путин » раиси Ҷумҳурии Русия бо ишора ба имзои тафоҳумномаи муштарак дар бораи интиқоли гази Русия ба Эрон гуфт , бо иҷрои ин тарҳ , на фақат манофеи иқтисодии ду кишвар , балки манофеи кули минтақа тамин хоҳад шуд .

Мухбир бо ибрози хурсандӣ аз пешрафти иҷрои тавофуқҳои сӯрат гирифтаи миёни Теҳрон ва Маскав , равобити роҳбурдиро ғайри қобили тағйир хонд ва бо таъкид бар аҳамияти музокирот ва нигоҳи муштараки Эрону Русия дар бораи масоили минтақаӣ , ибрози умедворӣ кард ки талошҳои ду кишвар дар ҷиҳати суботи бахше ба минтақа , ба натоиҷ матлӯб бирасад .

Сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Эрон , ҳамчунин бо маҳкӯм кардани ҳамлаи террористии ахир дар Доғистон , бо давлату миллати Русия ва хониводаи ҷонбохтагони ин ҷиноят , иброз ҳамдардӣ кард .

«Владимир Путин » низ бо ибрози хурсандӣ аз имзои тафоҳумномаи муштараки роҳбурдии интиқоли гази миёни Русия ва Эрон , ин тавофуқро рӯйдодии бузург дар ҷиҳати тамини манофеи дукишвар ва тақвияти ҳамкориҳои ду ҷониба ва ба нафъи бозорҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ донист .

Раиси Ҷумҳурии Русия ҳамчунин афзоиши сатҳи мубодилоти тиҷории миёни Русия ва Эронро ризоятбахш ва табодули ҳайатҳои сиёсиро беҳтарини гузина дар ҷиҳати заминасозӣ барои тавсеаи равобит , унвон кард .