Имрӯз чаҳордаҳумин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон
Чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон имрӯз (ҷумъа/ 28 – уми июн) барои таъйини нуҳумин раиси ҷумҳурӣ баргузор мешавад.
Болгарди ҳомили Сайид Иброҳими Раисӣ, ҳаштумин раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбеи 19 май дар масири бозгашт аз маросими ифтитоҳи садди “Қизқалъасӣ” ба самти шаҳри Табрез, дар минтақаи Варзақони устони Озарбойҷони Шарқӣ, шимоли ғарби Эрон, дучори сониҳа шуд ва раиси ҷумҳурӣ ба ҳамроҳи Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷа ва дигар ҳамроҳон, ба мақоми рафеи шаҳодат нойил омаданд.
Ба ҳамин манзур ва бар мабнои қонуни асосӣ интихоботи зудҳангоми чаҳордаҳумини давраи раёсати ҷумҳурии Эрон имрӯз - ҷумъа баргузор мешавад.
Дар ҳамин росто, Муҳаммадтақии Шоҳчароғӣ, раиси Ситоди интихоботи Эрон дар гуфтугӯ бо Хабаргузории садо ва симо гуфт: Теъдоди воҷидини шароити раъйгирӣ дар кишвар 61 миллиону 452 ҳазору 321 нафар аст.
Ҳодии Таҳонназиф, сухангӯи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон низ бо баёни ин ки муддати замони қонунии баргузории интихоботи раёсати Ҷумҳурии исломии Эрон 10 соат аст ва соати ҳашти субҳи имрӯз - ҷумъа ба таври расмӣ раванди раъйгирӣ оғоз шуд, гуфт: Бар асоси қонун ин замон қобилияти тамдид дорад ва ҳеҷ тафовуте дар ин замон дар дохилу хориҷ вуҷуд надорад.
Сухангӯи Шӯрои нигаҳбони қонуни асосии Эрон афзуд, чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон дар 59 ҳазор шуъбаи дохил ва 95 кишвари ҷаҳон баргузор хоҳад шуд.
Бо канорагирии ду тан аз номзадҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, Муҳаммадбоқири Қолибоф, Саиди Ҷалилӣ, Масъуди Пизишкиён ва Мустафо Пурмуҳаммадӣ чаҳор номзаде ҳастанд, ки дар арсаи рақобати интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳузур доранд.