Густариши равобити Эрон ва Русия; меҳвари ройзании Боқирӣ ва Лавров
(last modified Sat, 29 Jun 2024 05:07:55 GMT )
Июн 29, 2024 10:07 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити Эрон ва Русия; меҳвари ройзании Боқирӣ ва Лавров

Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон ва вазири умури хориҷаи Русия бар густариши равобити Теҳрон ва Маскав таъкид карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Алӣ Боқирии Канӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо Сергей Лавров бо ишора ба пешрафтҳои ахир дар ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия ба вежа имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи интиқоли гази Русия ба Эрон, раванди пешбурди равобити дуҷонибаро дар масири дуруст ва бо шитоби муносиб арзёбӣ кард.

 Сарпарасти дастгоҳи дипломосии Эрон бо таъкид бар омодагии муқовимати Лубнон дар қиболи таҷовузи эҳтимолии саҳюнистҳо ба Лубнон, ҷилавгирӣ аз идомаи ҷиноёти саҳюнистҳоро ба далели қобилияти сироят кардани ин буҳрон ба дигар нуқоти минтақа барои кулли минтақа ва суботи байналмилалӣ дорои аҳамият баршумурд.

 Боқирӣ дар вокуниш ба барномаи Русия барои тарҳи масъалаи Фаластин ва ҷиноёти саҳюнистҳо дар ҷанги Ғазза дар муддати раёсати давраии ин кишвар бар Шӯрои Амният дар моҳи июл, аз омодагии Эрон барои ширкат дар нишастҳои марбута дар олитарин сатҳ хабар дод.

 Вазири умури хориҷаи Русия низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ибрози хурсандӣ аз раванди ҳамкориҳои дуҷониба, пешбурди мавзӯъоти дар дастури кор бо Эронро мавриди эҳтимоми мақомоти Русия донист.

 Сергей Лавров бо ишора ба нигаронии муштараки Русия дар бораи эҳтимоли густариши доманаи даргирӣ ва таҷовузи фарогири саҳюнистҳо ба Лубнон, гуфт, ки Москва ба думболи ҷилавгирӣ аз чунин рӯйдоде аст ва бар масъулияти ҳама тарафҳо дар ин замина таъкид кард.

  Эрон ва Русия дар заминаҳои дуҷониба ба вежа равобити иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ ва ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ҳамонанди муқобила бо якҷонибагароии Амрико иштироки манофеъи роҳбурдӣ доранд ва ин аз авомили аслии ҳамкории наздики ду тараф дар солҳои ахир будааст.