Аз фардо фурсати номзадҳо барои таблиғот оғоз мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i115588-Аз_фардо_фурсати_номзадҳо_барои_таблиғот_оғоз_мешавад
Вазири кишвар пас аз эъломи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ гуфт, интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо амнияту саломати комил ва бо рақобати ҷиддӣ ва ҳузури арзишманди мардум анҷом шуд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Июн 29, 2024 19:34 Asia/Dushanbe

Вазири кишвар пас аз эъломи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ гуфт, интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон бо амнияту саломати комил ва бо рақобати ҷиддӣ ва ҳузури арзишманди мардум анҷом шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Ваҳидӣ идома дод, натиҷаи интихобот, ки то нимашаби дишаб идома пайдо карда буд, дар асраъи вақт эълом шуд. Интихобот дар вақти худаш анҷом шуду фиқдони раисиҷумҳур, халале дар фароянди интихобот эҷод накард.

Вай афзуд, ҳамакнӯн барои баргузории марҳалаи дувуми интихобот дар ҷумъаи оянда омода мешавем.