Июл 01, 2024 17:44 Asia/Dushanbe
  • Эрон қаҳрамони ҷоми ҷаҳонии таеквандо шуд
    Эрон қаҳрамони ҷоми ҷаҳонии таеквандо шуд

Тими миллии таеквандои Эрон бо бартарии муқобили мизбон дар финоли ҷоми ҷаҳонии Кореяи Ҷанубӣ муқтадирона руи саккуи қаҳрамони истод.

Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва Симо ба нақл аз пойгоҳи ихтисосии мусобиқот ин мусобиқот бо ҳузури 5 тим дар Чончуни Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд ва тими мардони Эрон бо таркиби Меҳдии Обидинӣ, Муҳаммадҳусейни Яздони, Алии Хуширавиш ва Абулфазли Зандӣ дар рақобатҳо ширкат кард .

Тими Эрон дар даври нимаи ниҳоӣ дар ду ронад баробари тими Соҳили Оҷ ба бартари расид ва сипас дар масофи поёнии баробари тими Кореяи Ҷанубӣ дар ду ронад ба бартарӣ расид ва қаҳрамон шуд .

Тими бонувони Эрони ҳам бо таркиби Милликои Мирҳусейнӣ, Ялдо Валинажод, Соғари Муродӣ ва Маҳло Муъминзода дар ин рақобатҳо ширкат карда аст ва фардо дар нахустин мусобиқа бо Кореяи Ҷанубӣ мизбон ру ба ру хоҳад шуд .

Барчасп