Рушди 5 дарсадии тиҷорати Эрон ва Туркия дар 5 моҳаи нахусти 2024
(last modified Tue, 02 Jul 2024 06:29:16 GMT )
Июл 02, 2024 11:29 Asia/Dushanbe
  • Рушди 5 дарсадии тиҷорати Эрон ва Туркия дар 5 моҳаи нахусти 2024

Порс тудей-Идораи омори Туркия аз рушди 5 дарсадии тиҷорати Эрон ва Туркия дар 5 моҳаи нахусти 2024 нисбат ба ҳамин муддати соли пеш хабар дод.

Идораи омори Туркия эълом кард, мубодилоти тиҷории Эрон ва Туркия дар 5 моҳаи нахусти 2024 бо рушди 5 дарсадӣ ба 2.3 миллиард доллар расидааст.

 Ба гузориши Порс тудей, мубодилоти тиҷории Эрон ва Туркия дар 5 моҳаи нахусти соли 2023, 2 миллиарду 189 миллион доллар эълом шуда буд. Бар асоси ин гузориш, содироти Туркия ба Эрон дар моҳҳои январ то майи 2024 бо рушди 16 дарсад нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл ба 1 миллиарду 340 миллион доллар расидааст. Воридоти Туркия аз Эрон ҳам дар ин муддат 960 миллион доллар эълом шудааст.

 Дар солҳои ахир мақомоти Эрон ва Туркия дар дидорҳои дуҷониба ва ё гуфтугӯҳои телефонӣ ҳамвора бар аҳамияти густариши равобити ду кишвар дар тамоми заминаҳо ба вежа иқтисодӣ таъкид кардаанд.

 Собиқаи сулҳ ва дӯстии Эрон ва Туркия ва иштирокоти таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ ба ҳамроҳи ҳамкории минтақаӣ ва байналмилалӣ дар чорчуби созмонҳое ҳамчун Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкори иқтисодӣ "ЭКО" мӯҷиби тақвияти пайванд ва равобити дӯстонаи ин ду кишвари ҳамсоя ва мусулмон будааст.