Густариши фурсатҳои фаросарзаминии саноати кишоварзии Эрон дар Африқо
(last modified Wed, 03 Jul 2024 13:26:02 GMT )
Июл 03, 2024 18:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ширкатҳои донишбунёни Эрон дар намоишгоҳи Кения ва кишварҳои африқоӣ
    Ҳузури ширкатҳои донишбунёни Эрон дар намоишгоҳи Кения ва кишварҳои африқоӣ

Ширкатҳои донишбунёни эронӣ бо ҳузур дар се намоишгоҳи тахассусии ҳавзаи кишоварзӣ, ғаллот ва чорвову паранда дар Кения, фурсатҳои тиҷорӣ дар ин ҳавзаро бо тарафҳои тиҷорӣ аз кишвари Кения ва қораи Африқо баррасӣ карданд.

Яке аз сиёсатҳои роҳбурдии Эрон, иртиботи иқтисодӣ бо кишварҳои африқоӣ ва баҳрамандӣ аз фурсатҳои кишоварзии фаросарзаминӣ дар он қора ва эҷоди фурсат барои вуруди маҳсулоти донишбунён ба арсаи байналмилалӣ аст.

Дар ҳамин росто, ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи Ирна, ҳайате бо ҳузури 16 ширкати донишбунёну фанноварии фаъол дар ҳавзаи ғизову кишоварзӣ барои ширкат дар нуҳумин намоишгоҳи фанновариҳои кишоварзии Африқо, ҳафтумин намоишгоҳи доми ширӣ ва туюр ва чаҳорумин намоишгоҳи фанновариҳои ғаллоти Африқо ба кишвари Кения эъзом шуданд.

Дар ин намоишгоҳҳо 16 ширкат дар қолаби ғурфаи донишбунёни Ҷумҳурии исломии Эрон ҳузур дошта ва дар ҳавзаҳои базр, куду сам (нуриҳои минералӣ), саноеъи ғизоӣ, паҳпод, мошинолот, чой ва домпарварӣ дастовардҳои худро ироа карданд.

Боздидкунандагон аз намоишгоҳ умдатан аз кишварҳои африқоӣ, Ҳиндустон ва Чин буда, ки аз маҳсулоти донишбунёни эронӣ истиқболи бисёр зиёде доштанд.

Мавориде аз қабили паҳпод, мошинолоти кишоварзӣ, базри зуррат, фанноварии интиқоли ҷанини дом ва фароварии чой бештарин истиқбол аз ҷиҳати теъдоди боздидкунандаро дар тӯли намоишгоҳ ба худ ихтисос дод.