Сафари сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Эрон ба Қазоқистон
Сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Эрон барои ҳузур дар бисту чаҳорумин Иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай вориди Қазоқистон шуд .
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ; « Муҳамад Мухбир » сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Эрони рӯзи панҷшанбе дар бисту чаҳорумин Иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай , суханронӣ ва дар ҳошияи он бо бархе аз сарони кишварҳо , дидор ва гуфтугӯ мекунад .
Созмони Ҳамкории Шанхай Созмони байналмилалии байни давлатӣ аст ки 15 июни 2001 дар Шанхай аз сӯии Қазоқистон , Чин , Қирғизистон , Русия , Тоҷикистон ва Узбекистон таъсӣс шуд .
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бисту якумин Иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай ба таври расмӣ ба узвияти комили Созмони Ҳамкории Шанхай даромад .
Ин Созмон дар ҳоли ҳозир аз 9 узви шомили Чин , Ҳинд , Қазоқистон , Қирғизистон , Покистон , Русия , Тоҷикистон , Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрони ташкил шудааст ва Афғонистон , Муғулистон ва Беларусия аъзои нозири ин Созмон ҳастанд .