Сафари сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Эрон ба Қазоқистон
(last modified Thu, 04 Jul 2024 05:02:45 GMT )
Июл 04, 2024 10:02 Asia/Dushanbe
  • Сафари сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Эрон ба Қазоқистон
    Сафари сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Эрон ба Қазоқистон

Сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Эрон барои ҳузур дар бисту чаҳорумин Иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай вориди Қазоқистон шуд .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ; « Муҳамад Мухбир » сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Эрони рӯзи панҷшанбе дар бисту чаҳорумин Иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай , суханронӣ ва дар ҳошияи он бо бархе аз сарони кишварҳо , дидор ва гуфтугӯ мекунад .

Созмони Ҳамкории Шанхай Созмони байналмилалии байни давлатӣ аст ки 15 июни 2001 дар Шанхай аз сӯии Қазоқистон , Чин , Қирғизистон , Русия , Тоҷикистон ва Узбекистон таъсӣс шуд .

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бисту якумин Иҷлоси Созмони Ҳамкории Шанхай ба таври расмӣ ба узвияти комили Созмони Ҳамкории Шанхай даромад .

Ин Созмон дар ҳоли ҳозир аз 9 узви шомили Чин , Ҳинд , Қазоқистон , Қирғизистон , Покистон , Русия , Тоҷикистон , Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрони ташкил шудааст ва Афғонистон , Муғулистон ва Беларусия аъзои нозири ин Созмон ҳастанд .