Ҳушдори Эрон нисбат ба афзоиши эҳтимоли танишҳо дар минтақа
(last modified Sat, 06 Jul 2024 05:14:13 GMT )
Июл 06, 2024 10:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон нисбат ба афзоиши эҳтимоли танишҳо дар минтақа

Сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба таҳдидоти ахири режими саҳюнистӣ алайҳи Лубнон гуфт: Ҳар гуна танишофарини ҷадид дар минтақа қатъан ба зарари оташафрӯзон хоҳад буд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алии Боқирии Канӣ-сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Питер Чиарто-вазири умури хориҷа ва тиҷорати Венгрия гуфт: Тақвияти субот дар минтақа ва парҳез аз густариши танишҳо зарурӣ аст.

Питер Чиарто низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таъкид бар аҳамияти дипломосӣ дар равобити дуҷониба ва арсаи байналмилалӣ, аз тақвияти муносиботи дуҷониба бо Эрон истиқбол ва ибрози умедворӣ кард дар даврони раёсати Венгрия бар Иттиҳодияи Аврупо ин гуфтугуҳо мустаҳкамтар шавад.

 Вазири умури хориҷаи Венгрия ҳамчунин бар зарурати тақвияти талошҳо бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ташдиди даргириҳо дар минтақа низ таъкид кард