Июл 06, 2024 10:30 Asia/Dushanbe
  • Мақоми севумии тими миллии снукери Эрон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Тими миллии сенафараи снукер Ҷумҳурии Исломии Эрон бо пазириши шикаст баробари Таиланд аз расидан ба финал боз монд ва ба мақоми севуми қаҳрамонии Осиё даст ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рақобатҳои тимии снукери қаҳрамонии соли 2024-и Осиё рӯзҳои якум то панҷуми июл ба мизбонии шаҳри Риёзи Арабистон баргузор шуд ва тими миллии снукери Эрон бо таркиби Амири Сархуш, Алӣ Қарагузлу ва Ормони Динорванд дар ин рақобатҳо ҳузур пайдо кард ва дар поён дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт.

  Тими миллии снукери Эрон дар марҳилаи гурӯҳӣ бо натоиҷи се бар як ва се бар сифр Кувейт ва Аморотро шикаст дода буд.

  Ҳамчунин тими миллии снукери Эрон дар марҳилаи ҳазфӣ низ се бар сифр тими миллии Миёнморро аз пеши рӯй бардошт, аммо дар муқобили Таиланд шикаст хӯрд ва ба мақоми севум расид.

 

Барчасп