Нигоҳе ба тавсеаи равобити Эрон ва Чин
Муҳаммад Мухбир сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ши Ҷин Пинг раиси Ҷумҳӯри Чин дар ҳошияи бисту чаҳорумин Иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Остона пойтахти Қазоқистон дидор ва гуфтугӯ карданд .
Дар ин дидори Мухбир зимни ташаккур аз ибрози ҳамдардӣ ва ҳамбастагии давлату миллати Чин бо мардуми Эрон дар воқеаи фиқдони шаҳид Оятуллоҳи Раисӣ ва ҳамроҳонаш тасреҳ кард , равобити Эрон ва Чин роҳбурдӣ бӯда ва муттакӣ бар манофе ва эҳтироми мутақобил дар ҳоли таъмиқ ва тавсеа аст . Равобити Теҳрон ва Пекан дар давраи раиси Ҷумҳурии шаҳиди Сайид Иброҳими Раисӣ бо ҷаҳиши қобили таваҷҷӯҳӣ рӯбарӯ шуд ва акнӯн низ бо азми ду тараф ин равобит дар ҳоли шукӯфоии беш аз пеш аст .
Аз ин рӯ сарпарасти раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард азми сарони Эрону Чин барои тадовуму густариши ҳамкориҳои фимобайн дар заминаҳои иқтисодӣ , тиҷорӣ ва энержӣ ҷаддӣ аст . Алӣ Ҷамоли коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд :“ Равобити Эрону Чин аз пуштвонаи торихӣ бархӯрдор аст ва токунӯн ба рағми бархе талошҳои муғризона , ҳеҷ халале дар ин равобит эҷод нашудааст . Эрон ва Чин ду кишвари муҳим дар имтидоди ҷодаи абрешим ҳастанд ва тардиде нест давлати ҷадиди Эрон низ тавсеаи равобит бо Пеканро бо ҷиддият дунбол хоҳад кард .
“Аз ин рӯ Ши Ҷин Пинг , раиси ҷумҳӯри Чин низ дар дидор бо Мухбир зимни таслияти муҷаддади шаҳодати раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамроҳонаш , аз ишон хост саломашро ба Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бирасонад .Раиси ҷумҳӯри Чин бо баёни инки равобити ду кишвар роҳбурдӣ аст , тасреҳ кард , сиёсати Чин барои густариши равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрони таҳти таъсири авомили берӯни қарор намегирад . Ин бадон маъноаст ки Теҳрон ва Пекан бидӯни таъсир пазирӣ аз соири тарафҳои қудрат монанди ғарби равобити худро дар ҳамаи заминаҳо тавсеа медиҳанд ва дар ҳамин росто тавофуқномаи роҳбурдии 25 солаеро ҳам имзо кардаанд .
Ба гуфтаи Ши Ҷин Пинг Чин хостори тадовуми тавсеа ва пешрафту иртиқои рифоҳи миллати Эрон аст ва дар ҳамин росто , равобити ду тараи ҳадафгузорӣ шудааст . Дар ҳар ҳол Эрон ва Чин аз зарфиятҳои зиёдӣ барои тавсеа ва таъмиқи равобит бархӯрдоранд бо ин ҳои мизони мубодилоти тиҷории дукишвар дар ҳади матлӯб нест ва Ҷумҳурии Исломии Эрон интизор дорад Чин зимни афзоиши сармоягузориҳои худ дар Эрон бахши бештарӣ аз бозорҳои худро бар саноеъи содиротӣ ва сармоягузории Эрон бигушояд .
Бидуни тардид Эрон ва Чин аз бозорҳои пурҷозибае бархӯрдоранд ва шиносоии ин зарфиятҳо метавонад беш аз пеш ба тавсеаи ҳамкориҳо кумак кунад . Муқеъияти роҳбурдии Эрон дар ғарби Осиё ва тавони энержии он боис шудааст то созмонҳои фароминтақаӣ монанди Шанхай ва БРИКС ҳам Эронро шарики мутмаини минтақаии худ бидонанд .