Чаро фармондеҳи падофанди ҳавоии режими саҳюнистӣ барканор шуд ?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i121022
Порс тудей - Пас аз ифшогарии рӯзномаи амрикоӣ « Wall Street Journal » аз шикасти системаи падофанди ҳавоии режими саҳюнистӣ дар раҳгирии мӯшакҳои эронӣ ва исобати муваффақ ба аҳдофи таъйин шуда , фармондеҳи падофанди ҳавоии Исроил барканор шуд
(last modified 2025-07-20T06:03:47+00:00 )
Июл 17, 2025 15:33 Asia/Dushanbe
  • Чаро фармондеҳи падофанди ҳавоии режими саҳюнистӣ барканор шуд ?
    Чаро фармондеҳи падофанди ҳавоии режими саҳюнистӣ барканор шуд ?

Порс тудей - Пас аз ифшогарии рӯзномаи амрикоӣ « Wall Street Journal » аз шикасти системаи падофанди ҳавоии режими саҳюнистӣ дар раҳгирии мӯшакҳои эронӣ ва исобати муваффақ ба аҳдофи таъйин шуда , фармондеҳи падофанди ҳавоии Исроил барканор шуд

Рӯзномаи саҳюнистӣ « Israel Hayom » , рӯзи чаҳоршанбе аз барканории фармондеҳи падофанди режими саҳюнистӣ хабар дод . Ин рӯзнома ба нақл аз артиши режими саҳюнистӣ эълом кард ки сартип « Ҷ » пас аз чаҳор соли хизмат дар ин Созмон аз симати худ истеъфо доду фарди дигарӣ ин масъулиятро ба ӯҳда гирифт .

Тағйири фармондиҳи системаи падофандии режими саҳюнистӣ дар ҳоле сӯрат мегирад ки нашрияи амрикоии «Wall Street Journal» рӯзи сешанбе ба нақл аз андешкадаи яҳӯдии амнияти миллии Амрико  ( JINSA ) ифшо кард ки посухи Эрон ба ҳамлаи режими саҳюнистӣ муваффақиятомез бӯда ва нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо пайдо кардани нуқоти заъфи системаи падофанди ҳавоии Исроил аз онҳо баҳра бардорӣ карда , тактикҳои худро тағйир доданд ва аз лояҳои дифои падофанд убӯр карданд .

Коршиносони ҳавзаи дифои мушакии ин андешкада ки додаҳои ба дастомада аз ҷанги таҳмилии 12 рӯзаи ахирро мавриди таҷзияу таҳлил қарор доданд , изъон карданд ки Теҳрон дар посухи тасоудӣ ба ҳамлаи Исроил шурӯъ ба партоби мӯшакҳои пешрафтатар ва дурбурдтар аз маконҳои гӯногӯни Эрон кард . Зимни он ки замон ва улгӯи ҳамалоту парокандагии ҷуғрофиёии аҳдофро низ тағйир дод .

Ин андешкадаи ҳомии Исроил , ҳамалоти рӯзи 22 июни Эронро муваффақтарин навъи ҳамалот дониста ва бо истинод ба додаҳои худ овардааст ки аз 27 мӯшаки партоб шуда аз сӯйи Эрон , 10 мӯшак ба Фаластини ишғолӣ исобат кард . Оре Cикурел аз аъзои аршади андешкадаи ҷинсо низ бо ишора ба ин маҷмӯъаи ҳамалот гуфт : « Додаҳо нишон медиҳад, ки Эрон бо муваффақияти наҳва , замон ва навъи шиллекро мутобиқат дода буд . »