Раҳбари муаззами инқилоб: Ҳузури пуршӯри миллати Эрон дар интихобот фаромӯшнашуданӣ аст
(last modified Sat, 06 Jul 2024 12:43:30 GMT )
Июл 06, 2024 17:43 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Ҳузури пуршӯри миллати Эрон дар интихобот фаромӯшнашуданӣ аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳузури гарму пуршӯри миллати Эрон дар интихоботи раёсатҷумҳурии 14-умро коре дурахшон ва фаромӯшнашуданӣ донистанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар паёме ба муносибати баргузории 14-умин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, зимни табрик ба миллати Эрон ва раиси ҷумҳури мунтахаб гуфтанд: Ин ҳаракати бузург дар рўёрўӣ бо ғавғои дастсозии таҳрими интихобот, ки душманони миллати Эрон барои илқои ноумедӣ ва бунбаст ба роҳ андохта буданд, коре дурахшону фаромӯши нашуданӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд: Мардуми азиз, бо эҳсоси масъулият ба майдон омаданду саҳнае гарму пуршӯр офариданд ва сандӯқҳои интихоботиро дар ду марҳала бо беш аз 55 миллион раъй анбоштанд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломии Эрон таъкид карданд: Шоиста аст, рафторҳои рақобатии интихобот ба ҳанҷорҳои рафоқатӣ, табдил шавад ва ҳама барои ободонии моддӣ ва маънавии кишвар талош кунанд.

Дар дуввумин даври чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, Масъуд Пизишкиён, аз маҷмӯи 30 миллиону 530 ҳазору 157 раъй, тавонист бо касби 16 миллион 384 ҳазору 403 раъй, нуҳумин раисиҷумҳури мунтахаби Эрон шавад.