Июл 07, 2024 10:06 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон бо Раҳбари муаззами инқилоб
    Дидори раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон бо Раҳбари муаззами инқилоб

Раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор кард.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, Масъуди Пизишкён раиси ҷумҳури мунтахаби Эрони асри руз шанбе бо ҳазрати оятуллоҳ Хоминаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дидор кард .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидори зимни табрики муҷаддади муваффақияти раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон дар касби рай аксарият ва ибрози хурсандӣ аз раванди афзоишии мушорикат дар даври дувуми интихобот , изҳор умедвор карданд раиси ҷумҳури мунтахаб бо истифода аз зарфиятҳои мардумӣ ва дигар зарфиятҳои фаровони кишвар дар масири пешрафт ва ободонӣ гом бардорад .

Дар дувумин даври чаҳордаҳумини давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Эрон Масъуди Пизишкён  аз маҷмуи 30 миллиону 530 ҳазору 157 рай , тавонист бо касби 16 миллиону 384 ҳазору 403 рай , нуҳумин раиси ҷумҳури мунтахаби Эрон шавад .