Июл 07, 2024 18:10 Asia/Dushanbe
  • Дидори сарпарасти раёсатҷумҳурӣ ва раисиҷумҳури мунтахаб

Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури ҷадиди Эрон дар дидор бо оқои Мухбир аз идораи умӯри иҷроӣ ва баргузории бидуни ҳошияи интихобот қадрдонӣ кард.

Муҳаммади Мухбир субҳи имрӯз (якшанбе) бо ҳузур дар дафтари раисиҷумҳури мунтахаб, зимни дидор бо вай, гузорише аз охирин вазъияти масоили иҷроӣ ва умури ҷории кишвар ба вай ироа кард.

Пизишкиён низ дар ин дидор бо гиромидошти ёди шаҳид Раисӣ, аз заҳамоту талошҳои аъзои давлат дар муддати сипарӣ шуда аз шаҳодати раисиҷумҳӯр ва ба хусӯс иқдомоти сарпарасти раёсатҷумҳурӣ барои идораи умӯр ва баргузории бидуни ҳошияи интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар муддати кӯтоҳ қадрдонӣ кард.

 

Барчасп