Иқдоми ҳушмандонаи Эрон ва Русия дар долларзудоӣ бо паймони пулии ҷадид
Порстудей. Раиси кулли Бонки марказии Эрон аз имзои нахустин қарордоди паймони пулии дуҷониба барои табодули тиҷорӣ миёни Эрон ва Русия хабар дод.
Ба гузориши “Порстудей”, Муҳаммадризои Фарзин, раиси кулли Бонки марказии Эрон гуфт, дар поёни дидор бо раиси Бонки марказии Русия дар Санкт- Петербург, қарордоди паймони пулии дуҷониба ба манзури таъмин (муовиза) - и нақдинагӣ ба пулҳои миллӣ барои табодулоти тиҷорӣ имзо шуд.
Фарзин ҳамчунин бо ишора ба муносиботи пуливу бонкии Эрон ва Русия гуфт, дар нишасти дуҷонибаи ҳайати тахассусии ду тараф, зимни ниҳоисозии илзомоти иттисоли шабакаи пардохти корти “Мир”-и Русия ба шабакаи “Шитоб”-и Эрон, ин пружа вориди марҳалаи амалиётӣ шуд, ки фози аввали он то авохири моҳи ояндаи мелодӣ (ибтидои шаҳривармоҳ) барои атбои эронӣ қобили истифода хоҳад буд.
Фарзин гуфт, марҳалаи дувуми ин иттисол барои баҳрамандии атбои Русия дар Эрон хоҳад буд ва дар марҳалаи сеюм кортҳои “Шитоб”-и Эрон дар пазирандаҳои фурӯшгоҳии Русия қобили истифода мебошанд.
Яке аз аслитарин абзорҳои Амрико барои сайтара бар иқтисоди байналмилал, воҳиди пули ин кишвар, яъне доллар аст, ки борҳо дар ҷанги иқтисодӣ алайҳи кишварҳои ноҳамсӯ бо Вашингтон ба кор рафтаву меравад.
Аз ин рӯ, кишварҳое монанди Эрон, Русия ва Чин мекӯшанд бо истифода аз сиёсатҳову равишҳои гуногун аз зери фишори доллар раҳоӣ ёбанд.