Июл 08, 2024 14:00 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими «Ҳайя ъалал ъазо» - вижаи зоирони ғайриэронии Ҳарами Разавӣ

Ба ҳиммати мудирияти зоирини ғайриэронии Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ, маросими азодории аввали Муҳаррам бо унвони «Ҳайя ъалал ъазо» дар ду навбати муҷаззо барои зоирони арабзабон дар саҳни “Ғадир” ва зоирону муҷовирони урдузабон дар равоқи “Ғадир”-и Ҳарами мутаҳҳар баргузор шуд.

Ба гузориши хабарнигори Икна, ҳуҷҷатулислом валмуслимин Сайид Муҳаммади Зулфиқорӣ, мудири зоирин ғайриэронии Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ асри якшанбеи 17 тирмоҳ дар ҷамъи зоирони арабзабону урдузабони Ҳарами мутаҳҳари Разавӣ изҳор дошт: Расми сиёҳ пӯшидан дар шаби аввали Муҳаррам яке аз одоту суннатҳои маъмул дар Эрон ва дар бархе аз кишварҳои исломӣ аст. Дар ин рӯз, афрод умуман либосҳои мишкӣ (сиёҳ) пӯшида ва ба зиёрати имом Ҳусайн (а) мераванд. Ин расм ба унвони нишонае аз андӯҳ барои шаҳодати имом Ҳусайн (а) ва ёронаш дар қиёми наҳзати Ошӯрову Карбало намоён мешавад.

Вай пӯшидани либоси сиёҳи ғайриэрониҳо дар Ҳарами имом Ризо (а)-ро нишондиҳандаи изҳори ҳамдардии онон бо аҳли байти паёмбар (с) ва эҳёи амри эшон баршумурду гуфт: Ин амри дорои фазилате бузургаст. Илова бар ин сиёҳпӯшӣ хосияти созандаи дигаре ба номи эҳёи амри аҳли байт (а) дорад, ки матлубу маҳбуби он зоти муқаддас аст, ки фармуданд: «Касе ки амри моро эҳё кунад, машмули раҳмати ҳақ бод».

 

Барчасп