Июл 09, 2024 10:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисҷумҳури мунтахаби Эрон ва раисҷумҳури Ироқ бар густариши равобити дуҷониба

Раисҷумҳури мунтахаби Эрон ва раисҷумҳури Ироқ бар густариши равобити дуҷониба дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Абдуллатиф Рашид-раисҷумҳури Ироқ рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ бо Масъуди Пизишкиён-раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон бо табрики пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ироқро амиқ, мустаҳкам ва дар ростои манофеъи ду миллат тавсиф ва бар алоқамандии кишвараш барои ҳифз ва иртиқои равобит ва ҳамчунин эҷоди заминаи ҳамкориҳои бештар дар давраи ҷадид таъкид кард.

 Раисҷумҳури мунтахаби Эрон низ бо қадрдонӣ аз табрики миллат ва давлати Ироқ пас аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон, густараи пайвандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ , фарҳангӣ ва динӣ миёни ду кишварро фаровон хонд ва ибрози умедворӣ кард дар давраи ҷадид бо ҳамкории масъулони олии ду кишвар ин равобит таъмиқ ва густариш ёбад.

 Раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон бо қадрдонӣ аз талошҳои раисҷумҳури Ироқ дар масири тавсеаи муносиботи дуҷониба гуфт, ду кишвар дар бисёре аз заминаҳо бо якдигар нигоҳ ва мавозеъи муштарак доранд, ки бистари муносиб ҷиҳати умқбахшӣ ба муносибот ва тавсеаи ҳамкориҳост.

 

 

Барчасп