Июл 09, 2024 15:13 Asia/Dushanbe
  • Ибрози тамоюли Созмони Милал барои ҳамкорӣ бо раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон

Сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид аз эъломи омодагии ин ниҳоди байналмилалӣ барои ҳамкорӣ бо раисҷумҳури мунтахаби мардум Эрон дар давраи ҷадид хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Стефан Дуҷорик-сухангӯи СММ дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи назари Антонио Гутереш-дабири кулли ин ниҳоди байналмилалӣ барои ҳамкорӣ бо давлати Эрон дар давраи ҷадид гуфт, Созмони Милали Муттаҳид муштоқи ҳамкорӣ бо раисҷумҳури ҷадиди Эрон аст.

 Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати умури хориҷаи Амрико дар нахустин вокуниш ба натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳури Эрон, бо такрори изҳороти мудохилаҷуёна дар умури дохилии Эрон эълом кард, натиҷаи ин интихобот таъсири қобили таваҷҷуҳе дар рӯйкарди Амрико бо Эрон нахоҳад дошт.

Даври дувуми чаҳордаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳури Эрон рӯзи ҷумъа (панҷум июл) баргузор ва Масъуди Пизишкиён ба унвони нӯҳумин раисҷумҳури мунтахаби мардуми Эрон интихоб шуд.

 Сарон ва мақомоти кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар паёмҳое пирӯзии Масъуди Пизишкиён дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эронро табрик гуфтанд ва бар тавсеаи ҳамкориҳои муштарак бо Эрон таъкид карданд.

 

Барчасп