Июл 10, 2024 09:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳамиди Нурӣ: Ғарбиҳо сирфан калимаи ҳуқуқи башарро мусодира кардаанд

Порс тудей - Ҳамиди Нурӣ, шаҳрванди эронӣ, ки ба сӯрати ғайриқонӯнӣ ва ғайри инсонӣ аз сӯи давлати Шветсия боздошт шуда буд, мегуяд, иддаоҳои ғарбиҳо дар бораи ҳуқуқи башар нодуруст аст.

Шаҳрванди эронии озод шуда аз зиндони Шветсия гуфт, ки дар ин муддат дар утоқи инфиродӣ бо анвоъи шиканҷаҳои ҷисмӣ, рӯҳӣ ва равонӣ мувоҷеҳ будааст.

Вай изофа кард, ҳамин муддаиёни ҳуқуқи башар манро, ки як шаҳрванди маъмулӣ ҳастам ва ба як сафар рафта будам, боздошт ва беш аз якҳазору 600 рӯз дар утоқи инфиродӣ ҳабс карданд.

 

Барчасп