Гуфтугӯи телефонии Пизишкиён бо Пашинян ва Алиев
(last modified Wed, 10 Jul 2024 14:03:33 GMT )
Июл 10, 2024 19:03 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи Пашинян ва Алиев бо Пизишкиён
    Гуфтугӯи Пашинян ва Алиев бо Пизишкиён

Раисиҷумҳури мунтахаби Эрон дар гуфтугӯи телефонии нахуствазири Арманистон ва раисиҷумҳури Озарбойҷон, дар бораи равобити дуҷониба гуфтугӯ кард.

Нозли Боғдасариян, дабири матбуотии нахуствазири Арманистон эълом кард, ки Никол Пашинян дар ин тамоси телефонӣ зимни табрики пирӯзии Масъуди Пизишкиён, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон бар тааҳҳуди худ ба тавофуқҳои пешини ду давлат таъкид карда ва тавофуқ шуд то дар зудтарин фурсат бо якдигар дидор ва дар хусуси ҳамкориҳои ҳамаҷониба гуфтугӯ кунанд.

Хабаргузории давлатии “Озартоҷ” низ гузориш дод, ки Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон ҳам дар гуфтугӯи телефонӣ бо раисиҷумҳури мунтахаби Эрон бори дигар интихоби вайро ба унвони раиси Ҷумҳурии исломии Эрон табрик гуфтаву орзӯи муваффақият кард.

Ба навиштаи “Озартоҷ”, Пизишкиён ҳам зимни қадрдонӣ аз паёми табрики Алиев иброз дошт, ки барои тавсеаи равобити ду кишвар дар ҳамаи заминаҳо аз ҳеҷ талоше дареғ нахоҳад кард.

Ҳамчунин тарафайн дар ин гуфтугӯи телефонӣ ибрози итминон карданд, ки равобити Теҳрону Бокӯ мубтанӣ бар решаҳои муштараки мазҳабӣ – фарҳангӣ ва дӯстиву бародарӣ ҳамчунон густариш ёфтаву ҳамкориҳои Эрону ҷумҳурии Озарбойҷон дар арсаҳои мухталиф тавсеа хоҳад ёфт.

Ҳамчунин ба навиштаи ин расонаи озарбойҷонӣ, Алиев бори дигар аз Пизишкиён барои сафар ба ҷумҳурии Озарбойҷон даъват кард, ки раисиҷумҳури мунтахаби Эрон низ онро пазируфт ва мутақобилан аз раисиҷумҳури Озарбойҷон барои сафари расмӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон даъват кард, ки Алиев низ ин даъватро пазируфт.