Маҳкумияти давлати Амрико ба далели таҳрими кӯдакони парвонаӣ
Додгоҳи ҳуқуқи равобити байналмилали Теҳрон, давлат ва мақомоти Амрикоро ба пардохти хисорати модӣ, маънавӣ ва танбеҳи дар парвандаи беморони парвонаӣ(бабочка) маҳкум кард.
Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории Садо ва Симо, пас аз тарҳи даъвои ҳуқуқии 295 нафар аз бозмондагон ва ҳамчунин беморони парвонаӣ ба намояндагӣ аз 30 нафар аз ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқии давлати Амрико, ки дар эҷоди таҳримҳо зидди ин кӯдакони бемор нақш доштанд, додгоҳи ҳуқуқи равобити байналмилали Теҳрон, таҳримҳои ғайриқонуние, ки мунҷар ба ҷиноят ва дарду ранҷи бедалел ба ин беморон шудаастро иҳроз кард ва раъй ба маҳкумияти 6 миллиарду 785 миллион долларии давлат ва мақомоти амрикоӣ ба пардохти хисорат модӣ, маънавӣ ва танбеҳӣ дар ин парванда содир кард.
Дар пайи хурӯҷи давлати вақти Амрико аз тавофуқи байналмилалии Барҷом дар соли 2018 бархе аз ширкатҳои вобаста ба Амрико ва кишварҳои Аврупо мубодилоти тиҷорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро қатъ карданд, ки аз ҷумла ин маворид ширкати шветсиягии "Мунлика " аст.
Ин ширкат танҳо тавлидкунандаи понсмон(бинт)ҳои илтиёмбахш ва беҳбудкунандаи захмҳои беморони парвонаӣ дар дунё маҳсуб мешавад, ки ба маҳз эълони таҳримҳои дубора тавассути Амрико намояндагӣ ва ҳар гуна табодулот бо Эронро қатъ кард.
Бемории парвонае ё epidermolysi bullosa, бемории ирсие аст, ки дар пӯст ва ғишои мухот товал эҷод мекунад ва афроди дучори ин беморӣ дар маърази саратони пӯст ҳастанд.