Нубуғи муҳандисони Эрони бостон ; гардишгарони хориҷӣ чаро ошиқи созаҳои обии Шуштар ҳастанд ?
-
Созаҳои обии Шуштар
Порстудей - Тибқи эъломи созмони ЮНЕСКО , созаҳои обии Шуштар ба унвони шоҳкори нубуғу халлоқият муаррифӣ шудааст, ки ин осори торихӣ дар устони Хузистони Эрон ҳамасола пазирои гардишгарон ба шумор меравад .
Ба гузориши Порстудей , шаҳристони Шуштар яке аз мақсадҳои гардишгарон ва мусофирон аст; чаро ки вуҷӯди созаҳои обӣ дар Шуштар ва доштани системаи обёрии куҳан ба дарозои таърихи Эрон сабаб шуда, ки мардуми бисёре аз ин осор дидан кунанд ; Созаҳои обии Шуштар аз бузургтарин маҷмӯъаҳои саноъатии шинохташуда дар асри пеш аз инқилоби саноъатӣ дар ҷаҳон аст ва аз сӯи созмони ЮНЕСКО « созаҳои обии Шуштар , шоҳкори нубуғу халлоқият » номида шудааст .

Созаҳои обии Шуштар дар даврони Сосониён , барои баҳрагирӣ аз неруи об ба унвони муҳаррики осиёбҳои саноъатӣ сохта шудааст. Дар ин маҷмӯъаи бузург , сохтмони осиёбҳо , обшорҳо , каналҳо ва тунелҳои азими ҳидояти обу сико, ки маҳалле барои истироҳат ва тафреҳ аст, қобили тавваҷуҳ ва ҷолиб ҳастанд .
Дар сафарномаи мадам Жанна Диелафао- бостоншиноси номдори фаронсавӣ аз ин муҳаввата ба унвони бузургтарин маҷмӯъаи саноъатии пеш аз Инқилоби саноъатӣ ёд шудааст .
Боздиди ҷаҳонгардон аз созаи обии Шуштар
Даҳҳо китобу мақола дар хусӯси ин маҷмӯъа нигошта шуда ва ҳазорон ҷаҳонгард солона аз ин маҷмӯъа боздид мекунанд . Хеле аз гуруҳҳои ҷаҳонгардии Аврупо танҳо барои боздид аз ин соза ба Эрон сафар мекунанд .

Дар қисмати интиҳои кунҷи ғарбии ин маҷмӯъа , Сико қарор дорад, ки дастрасӣ ба фазои даруни он аз тариқ чанд зина муяссар аст . Даруни ин фазо як ҳавзи 8 кунҷӣ бо каналҳои кучак ба чашм мехӯрд . Оби ин ҳавз аз тариқи як ҷӯй, ки аз девораи Сико хориҷ мешавад, таъмин ва аз тариқи ду канали кучак ба даруни рӯдхона ҳидоят мешавад .

Яке аз вижагиҳои бисёр боризи маҷмӯъаи осиёбҳо ва обшорҳо наздикии он бо бофти торихии шаҳри Шуштар аст . Ин муҳаввата илова бар истифодаҳои саноъатӣ , дар айёми камобӣ низ , оби мавриди ниёзи сокинонро таъмин мекард .
Ҷозибаҳои чашмнавози тунелҳои сегона дар созаи обии Шуштар
Як вижагии бисёр зебову мунҳасир ба фарди басарӣ низ ки дар ин маҷмӯъа вуҷуд дорад ва ҷилваи хос ба он мебахшад, ин аст, ки оби ҳосил аз пасоби осиёбҳо ба сурати обшорҳои маснӯъии зебо ба муҳавватаи ҳавзчамонанд мерезад, ки манзараи чашмнавозу дилангезро дар муқобили дидагони ҳар бинанда ба вуҷуд меоварад. Ҳамчунин дар муҳавватаи пушти банд, ки маҳалли обгирии се тунели маърӯфи « Се кӯра » , « Даҳонаи шаҳр » ва « Билетӣ »аст, низ чашмандози зебое ба чашм мехӯрад .

Тунелҳои сегона дар пушти « Пули Бндгаргар » вазифаи интиқоли ҳаҷми муайяне аз обро барои ба ҳаракат даровардани парраҳои осиёб бар уҳда доштаанд .
Маҷмӯъаи осиёбҳо ва обшорҳои Шуштар бо тавваҷуҳ ба замони сохт аз шоҳкорҳои фаннӣ ва муҳандисӣ дар ҷаҳон аст . Ин шоҳкори муҳандисӣ ҳам дар Эрон ва ҳам дар ҷаҳон беназир аст . Бо тавваҷуҳ ба аҳамияти шаҳри Шуштар дар марҳилаҳое аз таърих ва тавваҷуҳи вижа ба сохти таъсисоти обӣ дар ин минтақа, ки аз фунуни муҳандисии печидае суд меҷӯяд , моро дар натиҷаи ниҳоӣ қатъиян боварманд мекунад, ки сохти осиёбҳоро мутаъаллиқ ба даврони куҳан ва ҳатто ҳамаср бо сосониён бидонем . Маҷмӯъаи осиёбҳо ва обшорҳои Шуштар дар соли 1377 тавассути Созмони мироси фарҳангӣ бо шумораи 2181 дар феҳристи осори миллӣ ба сабт расид.