Июл 12, 2024 17:49 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи раисиҷумҳури мунтахаби Эрон аз тақвияти равобит бо Сербия

Раисиҷумҳури мунтахаби Эрон дар посух ба тамоси телефонии раисиҷумҳури Сербия, гуфт: Эрон маҳдӯдияте барои таъмиқу тақвияти равобит бо ин кишвар надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури мунтахаби Эрон дар тамоси телефонии Александр Вучич, раисиҷумҳури Сербия бо баёни инки Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром ба тамомияти арзии ҳамаи кишварҳо таъкид дорад, афзуд, Эрон маҳдӯдияте барои таъмиқу тақвияти равобит бо Сербия надорад.

Пизишкиён бо ишора ба ӯҳдадор будани раёсати Гурӯҳи дӯстии порлумонии Эрону Сербия дар давраи намояндагӣ дар Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ибрози умедворӣ кард, бо ҳамкории мутақобил битавонем заминаҳо ва зарфиятҳои густариши ҳамкориҳои фимобайнро ба феълият бирасонем.

Раисиҷумҳури Сербия ҳам дар ин тамоси телефонӣ зимни табрик ба Пизишкиён ба хотири пирӯзӣ дар интихобот гуфт: Равобити Эрону Сербия дар даврони раёсатҷумҳурии шаҳид Саидиброҳими Раисӣ ба хубӣ густариш ёфту умедворам дар давраи раёсати ҷаноби олӣ низ раванди иртиқои равобиту густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои мухталиф тадовум ёбад.

 

Барчасп