Таъкиди мақомоти Эрону Арманистон бар густариши ҳамкориҳои муштарак
(last modified Fri, 12 Jul 2024 13:16:38 GMT )
Июл 12, 2024 18:16 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди мақомоти Эрону Арманистон бар густариши ҳамкориҳои муштарак

Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва ноибраиси Маҷлиси Арманистон дар ҳошияи баргузории нишасти руасои маҷолиси БРИКС бо якдигар дидор ва бар тақвияту тавсеаи равобити ду кишвар таъкид карданд.

Даҳумин Маҷмаъи порлумонии БРИКС рӯзи панҷшанбе бо ҳузури раисони маҷолиси кишварҳои узв, аз ҷумла Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ дар Санкт-Петербурги Русия оғоз бакор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадбоқири Қолибоф зимни ташаккур аз Арманистон ба далели ибрози ҳамдардӣ бо Эрон барои шаҳодати Саидиброҳими Раисӣ, раисиҷумҳури фақиди Эрон, гуфт: Дар сафари ахири раисиҷумҳури Арманистон ба Эрон ва дидори ахир бо мақоми Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ бар тавсеаи иртибототу ҳамкорӣ байни ду кишвар таъкид шуд.

Вай афзуд, сиёсати қатъии Эрон густариши равобит бо ҳамсоягону хатти қирмизи он ҳам ҳар гӯна тағйири марз дар ҳамсоягии Эрон аст. Иртибототи иқтисодии мо бо Арманистон муносиб аст ва бояд ба самти тавсеаи он ҳаракат кунем.

Рубен Рубинян, ноибраиси маҷлиси Арманистон зимни арзи таслият бобати ҳодисаи ғамангези шаҳодати раисиҷумҳур Раисӣ, гуфт: Аз шумо, мақомоту мардуми Эрон ҷиҳати ҳимоят аз Арманистон дар хусӯси тамомияти арзӣ ва ҳокимияти кишварамон ташаккур мекунам.

Вай бо таъкид бар инки дар Эрон, аромана ҳифозат шудатарин ҷомеъа дар кулли ҷаҳонро доранд, баён кард: Мо ниёз дорем равобити иқтисодии ду кишварро тавсеа диҳем.