Июл 12, 2024 18:38 Asia/Dushanbe
  • Волейболи соҳилии Ҷоми осиёӣ; садрнишинии Эрон бо шикасти Австралия

Тими миллии волейболи соҳилии Эрон дар сеюмин дидори марҳалаи муқаддамотии Ҷоми осиёии Чин, Австралияро шикаст дод то ба унвони тими садрнишин роҳии марҳала баъд шавад.

Марҳалаи муқаддамотии Ҷоми озоди осиёии Тянҷзин дар Чин аз панҷшанбеи 11 июл бо ҳузури 20 тим дар шаш гуруҳ оғоз шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, тими миллии волейболи соҳилии Эрон як (Аббоси Пурасгарӣ – Алиризо Оқоҷонӣ), ки дар гуруҳи панҷуми ин мусобиқот қарор дошт дар рӯзи нахуст ва дидорҳои аввалу дувум муваффақ ба шикасти Ҳонг Канг ва Чин шуд.

Миллипӯшони Эрон имрӯз дар сеюмин бозӣ ба масофи Австралия рафтанд ва ин тимро низ ду бар як шикаст доданд то ба унвони садрнишини гурӯҳи панҷуми роҳии марҳала ҳазфӣ шаванд.

Дар ҳамин ҳол дар тозатарин радабандии эълом шудаи Созмони ҷаҳонии футболи соҳилӣ, тими миллии футболи соҳилии Эрон пас аз касби мақоми сеюм дар Ҷоми ҷаҳонии футболи соҳилии Дубай камокон дар радаи панҷуми дунё аст. Ин радабандӣ ба рӯз шуда моҳи июли соли 2024 аст.

Тими миллии футболи соҳилии Эрон дар Осиё ҷойгоҳи нахустро ба худ ихтисос додааст.

 

Барчасп