Июл 13, 2024 10:37 Asia/Dushanbe
  • Нахустин шаби сӯгвории Солори шаҳидон бо ҳузури Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Нахустин шаби маросими азодории ҳазрати Абоабдуллоҳил-Ҳусайн (алайҳиссалом) дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ (ра) баргузор шуд.

 Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, аввалин шаб аз маросими азодории ҳазрати Абоабдуллоҳил-Ҳусайн (алайҳиссалом),шаби гузашта бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҳусайнияи Имом Хумайнӣ(ра) баргузор шуд.

 Дар ин маросим пас аз тиловати оёте аз каломи Аллоҳ, Қуръони маҷид,ҳуҷҷатилислом Алӣ Ализода суханронӣ кард ва дар идома Саиди Ҳаддодиён ба марсиясароӣ ва маддоҳӣ пардохт.

 

Барчасп