Июл 13, 2024 17:20 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Эрон барои шаклгирии шабакаи иттилорасонии БРИКС

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бар лузӯм роҳандозии шабакаи иттилоърасонии БРИКС (BRICS Information Network) ба манзури иттилоърасонӣ ва табодули иттилоот миёни кишварҳои узви ин гуруҳ таъкид кард.

Ба гузориши ИРНА, Носири Канъонии Чофӣ, сухангӯ ва раиси Маркази дипломасии умумӣ ва расонаиии вазорати умури хориҷаи Эрон дар нишасти раисони шуъбаҳои иттилоърасонӣ ва сухангӯёни кишварҳои узви БРИКС гуфт, тақвияти ҳамоҳангӣ ва ҳамкории расонаӣ миёни аъзои кишварҳои узв аз тариқи иттисоли шабакаҳои иттилоърасонӣ ва хабарии аъзо ва эҷоди созу кори ба иштирокгузории ахбор дар ҳавзаҳои мавриди алоқаи тарафҳо зарурӣ аст.

Канъонии Чофӣ тасреҳ кард, дипломасии расонаӣ акнӯн ҷузъе ҷудоинопазир аз фаъолиятҳои дипломатӣ қаламдод мешавад, зеро расона қудратмандтарин абзори густариши дидгоҳҳо, паёмҳо ва мавозеъи кишварҳо тавассути дипломатҳо аст.

Вай  афзуд, расонаҳои мутааллиқ ба блоки Ғарб, бо эҷоди ҷакмъомадҳои дуруғини расонаӣ, саъй дар гумроҳ кардани афкор умумӣ доранд ва кишварҳои узви БРИКС бояд бо ҳадафи иртиқои чандҷонибагароӣ ва муқобила бо якҷонибагароии хабарии Ғарб дар ҳавзаи расонаҳо ва аз тариқи таъмиқи равобити расонаӣ ва бо басиҷи қобилиятҳои дипломасии расонаӣ ва диҷиталии худ бо ин ҷараёноти мухарриби расонаӣ муқобила кунанд.

Дар нишасти як рӯзаи сухангӯёни вазоратхонаҳои умури хориҷаи кишварҳои узви гуруҳи БРИКС, ки рӯзи ҷумъа дар Маскав баргузор шуд, сухангӯёни дастгоҳи дипломасии кишварҳои БРИКС дар бораи нақши расонаҳо дар ростои тақвияти ҷойгоҳи байналмилалии БРИКС, эҷоди бистари иттилоърасонии муштарак, созу кори пӯшиши расонаии иҷлоси сарони гуруҳи БРИКС дар октябри 2024 ва дигар масоили мавриди алоқа гуфтугӯ карданд.

 

Барчасп