НАСА ва MIT харидори таҷҳизоти микроэлектронии эронӣ
Порс тудей-Муовини раиси барномаи миллии микроэлектронии Эрон аз фурӯши маҳсулоти донишбунёни эронӣ дар ҳавзаи микроэлектронии ба НАСА ва донишгоҳи MIT хабар дод.
Нимо Арҷмандӣ-муовини барномаи миллии микроэлектронии Эрон дар нишасти фаъолони зистбуми фановарӣ ва навоварии микроэлектроника дар андешакадаи нано ва саноъат, бо ишора ба муваффақияти ширкатҳои донишбунёни эронӣ дар ҳавзаи содирот гуфт: Бархе ширкатҳои ҳавзаи микроэлектронии эронӣ муваффақ ба содироти таҷҳизот ва афзорҳои микроэлектронии ба НАСА ва MIT шудаанд. Ба гуфтаb ӯ бархе аз ин ширкатҳо 15 дафтар дар дунё доранд ва содиротb хубе ҳам то кунун доштаанд.
Ба гузориши Порс тудей, Арҷмандӣ таъкид кард: Бозори резтарошаҳо дар Эрон дар инҳисори касе нест; барои мисол чандин ширкат дар ҳавзаи силикон фаъол ҳастанд ва содирот ҳам доранд. Дар ҳавзаи таҷҳизот низ ширкатҳое ба фаъолият мепардозанд, ки бо ҳимояти Ситоди нанои Эрон кори худро шурӯъ карда ва маҳсулотеро тавсеа додаанд. Бар асоси иттилооти ӯ, онҳо акнун ба ширкатҳои бузурге табдил шудаанд.
Муовини барномаи миллии микроэлектроникаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба роҳандозии Маркази миллии пешрони тарроҳии тароша гуфт: Ин марказ бо ҳадафи рафъи мушкилот дар тарроҳии резтарошаҳо эҷод шуда ва як зерсохти миллӣ ва фародонишгоҳӣ аст, ки ҳама дар Эрон метавонанд аз он истифода кунанд ва дар инҳисори як устод ва ё як донишгоҳ нест. Арҷмандӣ афзуд: Дар Маркази миллии пешрони тарроҳии тароша, зерсохтҳои лозим барои тарроҳии тароша вуҷуд дорад ва кумак мешавад, ки тарроҳии резтарошаҳо анҷом ва маҳсули ниҳоӣ озмоиш шавад.