Қадрдонии сарлашкар Мӯсавӣ аз мавозиъи шуҷоъонау ҳимоятҳои давлату мардуми Покистон аз Эрон
(last modified Mon, 30 Jun 2025 03:19:39 GMT )
Июн 30, 2025 08:19 Asia/Dushanbe
  • Aмири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мӯсавӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи  Эрон
    Aмири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мӯсавӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи  Эрон

Порс-Тудей. Раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон аз мавозиъи шуҷоъонау ҳимоятҳои давлату мардуми Покистон аз Эрон дар муқобили таҳоҷуми ноҷавонмардонау террористии режими саҳюнистӣ ва Амрико қадрдонӣ кард .

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз ИРНА , амири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мӯсавӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи  Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо Моршол Oсим Mунир, фармондиҳи артиши Ҷумҳурии исломии Покистон , аз мавозиъи шуҷоъонау ҳимоятҳои давлату мардуми Покистон аз Ҷумҳурии исломии Эрон дар муқобили таҳоҷуми ноҷавонмардонау террористии режими саҳюнистӣ ва Амрико қадрдонӣ кард .

Cарлашкар Сайид Абдурраҳими Мӯсавӣ ва  Моршол Oсим Mунир

 

Сарлашкар Мӯсавӣ бо ишора ба ҷанги таҳмилии 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ  ва Амрико зидди Эрон афзуд: Дар ин ҷанги таҳмилӣ , Амрико аз ҳеҷ кумаке ба режими саҳюнистӣ дареғ накарду илова бар мушорикат дар таҳоҷум , ҳамаи имконоти худро дар дифоъ аз режими саҳюнистӣ дар муқобили ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Эрон ба кор гирифт, зимни инки илова бар Амрико , теъдодии дигар аз кишварҳои ғарбӣ ҳам ҳимоятҳои қавлӣ ва амалӣ аз душман доштанд .

Режими саҳюнистӣ бомдоди рӯзи ҷумъаи 13 июн бо нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалу Ҳокимияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон , манотиқе дар Теҳрон ва бархе дигар аз шаҳрҳо аз ҷумла таъсисоти ҳастаии Эронро ҳадафи ҳамлаи низомӣ қарор дод .

Дар ин иқдоми террористӣ , шуморе аз донишмандон , низомиёну шаҳрвандони ғайринизомӣ ба шаҳодат расиданд .

Дар идомаи ин таҷовуз , Амрико низ бомдоди якшанбе ( 22 июн ) бо ҳамлаи мустақим ба сайтҳои ҳастаии фурду , Натанзу Исфаҳон , амалан ба ҷанги режими саҳюнистӣ зидди Эрони пайваст .