Июл 15, 2024 16:42 Asia/Dushanbe

Маросими азодории шаби Тосуои ҳусайнӣ (а) дишаб (якшанбешаб) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва ҷамъе аз азодорони ҳусайнӣ дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ.) баргузор шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, дар ин маросим ҳуҷҷатулислом вамуслимин Сауди Олӣ ба ироди сухан пардохт ва ҳамчунин Маҳмуди Каримӣ низ дар санои аламдори рашиди Карбало ҳазрати Абулфазли Аббос (а) марсиясароӣ ва навҳахонӣ кард.

Имрӯз (душанбе) мусодиф бо нуҳумин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1446 ҳиҷрии қамарӣ, Тосуои ҳусайнӣ (а)аст.

Ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои эшон дар даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрии қамарӣ дар Карбало ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп