Июл 17, 2024 12:44 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими гуштини фарангии навниҳолони Эрон дар Осиё

Порс тудей - Тими гуштини фарангии навниҳолони Эрон бо 3 медоли тилло, 2 медоли нуқра ва 2 медоли брунз унвони қаҳрамонии Осиёро дар Таиланд касб кард.

Дар радабандии тимӣ, Эрон бо 170 имтиёз ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва тимҳои Узбекистон бо 169 имтиёз, Қазоқистон бо 154 имтиёз, Ҳинд бо 137 имтиёз ва Қирғизистон бо 126 имтиёз дар ҷойгоҳҳои дувум то панҷум қарор гирифтанд.

 

Барчасп