Июл 18, 2024 09:58 Asia/Dushanbe
  • Исфаҳон, мизбони донишомӯзони 43 кишвар дар Олимпиадаи ҷаҳонии физика

Дабири кулли Олимпиадаи ҷаҳонии физика- 2024 аз ширкати 198 донишомӯзи нухба аз 43 кишвари ҷаҳон дар 54-умин давраи ин олимпиада дар Донишгоҳи санъатии Исфаҳон (маркази Эрон), хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Муҷтабо Бобоии Хурзуқӣ, дабири кулли Олимпиадаи ҷаҳонии физика 2024 рӯзи чаҳоршанбе бо эъломи инки 54-умин Олимпиадаи ҷаҳонии физика июли имсол дар ду озмӯни таҷрибӣ ва назарӣ ба мизбонии Донишгоҳи санъатии Исфаҳон баргузор мешавад, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин рақобати ҷаҳонӣ бо панҷ донишомӯзи нухба ҳузур хоҳад дошт.

Вай бо баёни инки Донишгоҳи санъатии Исфаҳон пеш аз ин низ дар соли 2007 мизбони ин олимпиада буд, тасреҳ кард, ин маркази омӯзиши олӣ дар ин давра низ ба далели бархӯрдорӣ аз зерсохтҳои лозим ба манзури баргузории озмӯн ва имконоти рифоҳӣ ва искони ширкаткунандагон барои мизбонӣ интихоб шуд.

Ба гуфтаи вай, профессор Роҷип Сингх Рават, раиси олимпиадаи ҷаҳонии физика аз имконоту барномаҳои баргузории олимпиада дар Донишгоҳи санъатии Исфаҳон дидан кардааст.

 

Барчасп