Июл 18, 2024 11:18 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Пизишкиён ва Муҳаммад бин Салмон бар аҳаммияти тавсеаи равобити ду кишвар

Хабаргузории Арабистони Саудӣ аз тамоси телефонии валиаҳди ин кишвар бо раисиҷумҳури мунтахаби Эрон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон тамоси телефонӣ бо доктор Масъуди Пизишкиён барқарор кард ва пирӯзии вай дар интихоботро табрик гуфт.

Ду тараф ҳамчунин бар зарурати тавсеаи ҳамкорӣ миёни Арабистону Эрон дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.

Доктор Пизишкиён низ маротиби ташаккуру қадрдонии худро аз валиаҳди Арабистон ба хотири эҳсосоти хуби вай иброз дошт.

Бин Салмон пештар низ дар паёме пирӯзии Пизишкиён дар интихоботро ба вай табрик гуфта ва нисбат ба тавсеаи ҳамкорӣ миёни Эрону Арабистон дар давраи раёсатҷумҳурии вай, ибрози умедворӣ карда буд.

 

Барчасп