Боқирӣ: Амрико монеъи аслии ҳалли мушкилот аст
(last modified Fri, 19 Jul 2024 11:51:31 GMT )
Июл 19, 2024 16:51 Asia/Dushanbe
  • Боқирӣ: Амрико монеъи аслии ҳалли мушкилот аст

Сарпарасти вазорати хориҷаи Эрон, Амрикоро монеъи аслии ҳалли мушкилот донист.

Ба гузоришаши хабаргузории Садо ва симо, Алӣ Боқирии Канӣ, сарпарасти вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар поёни сафари чаҳор рӯзааш ба Ню-Йорк бо баёни инки якҷонибагароӣ шикаст хӯрдааст, гуфт: Рӯйкардҳои Амрико дар мавзуоти марбӯт ба таҳаввулоти музокироти ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар мавриди масъалаи Фаластину таҳоҷуми саҳюнистҳо ба Ғазза нишон дод, Вашингтон монеъи аслии ҳалли масоил аст.

Вай бо ишора ба инки амрикоиҳо бо ирсоли силоҳҳо ва таҷҳизоти пешрафтаи низомии кушанда, омили аслии тақвият ва ҳатто ташвиқи саҳюнистҳо ба ҷинояти бештар дар Ғазза ҳастанд, афзуд: Саҳюнистҳо батаври мутавассит дар ҳар соат, ҳудӯди 20 нафар фаластинии мазлӯмро шаҳид мекунанд ва ҷаҳониён набояд дар қиболи ин ҷинояти мустамар, сокит ва мунфаил бошад ё ин ҷиноят одӣ шавад.