Баромадани бонуи кӯҳнаварди эронӣ ба Эверести кӯчак бо ёди аҳли байти Паёмбар
(last modified Sun, 21 Jul 2024 10:03:17 GMT )
Июл 21, 2024 15:03 Asia/Dushanbe
  • Баромадани  бонуи кӯҳнаварди эронӣ ба Эверести кӯчак бо ёди аҳли байти Паёмбар

Порс тудей-Бонуи кӯҳнаварди эронӣ бо ёду номи ҳазрат Имом Ҳусайн алайҳиссалом, набера ва аҳли байти Паёмбари Ислом бар фарози қуллаи Казбеки Гурҷистон, ки маъруф ба Эверести кӯчак аст, баромад.

 Қуллаи 5047 метрии Казбек дар шарқи риштакӯҳи Қафқози марказӣ дар Гурҷистон воқеъ шудааст, ки аз он ба унвони Эверести кӯчак ёд мешавад.

 Ба гузориши Порс тудей,Заҳро Аббосӣ-бонуи кӯҳнаварди эронӣ гуфт: Пас аз ҳудуди 24 соат паймоиши пайваста ва гузар аз пиряхҳо,  талаҳои барфӣ ва шароити обуҳавоии нопойдор ба қуллаи Казбек, ки дараҷаи сахти он бо қулли риштакуҳи Ҳимолой баробарӣ мекунад,баромадам.

Ин бонуи эронӣ, ки аз 14 сол қабл кӯҳнавардиро оғоз карда ва дар 31 устони Эрон қулаҳои гуногунеро фатҳ кардааст, афзуд: Кӯҳнавардӣ сабки зиндагии ман аст ва бо дидани саҳнаҳои хосс ва табиӣ ба ин пай мебарам, ки чиқадар Холиқи мо ҷаҳонро муназзам офаридааст ва бидуни шак масалае, ки дар он баландӣ ва шароити бади обуҳавоӣ маро ба мақсад ҳидоят ва ором мекунад зикр ва ёди номи Худованди мутаол аст ва дар ин байн ончи, ки ҳамеша рӯҳияи маро дар шароити бади сууд ҳифз намудааст зикри ё Заҳро(с) ва ё Ҳусайн (а) будааст.