Борхалтаи энергии эронӣ, як ниругоҳи хуршедии қобили ҳамл барои табиатгардон ва кишоварзон
(last modified Sun, 21 Jul 2024 10:11:15 GMT )
Июл 21, 2024 15:11 Asia/Dushanbe
  • Борхалтаи энергии эронӣ, як ниругоҳи хуршедии қобили ҳамл барои табиатгардон ва кишоварзон

Порс тудей-Як ширкати донишбунёни эронӣ муваффақ ба бумисозии киф(борхалтаи дастӣ) энерги шуда, ки ба ашхос имкон медиҳад то аз энергияи поки хуршед дар ҳар макон истифода кунанд.

Кифи энергӣ, манбаъи энергияи идеалӣ барои табиатгардон, кӯҳнавардон, ашоир ва кишоварзон аст ва метавонад то 5 соат рӯшноӣ дар шабро таъмин кунад.

 Ба гузориши Порс тудей, Сайид Мӯсо Оятӣ-мудири ширкати Сомона поиш қудрати Эрон бо баёни инки метавон аз кифи энерги барои равшан кардани лампаҳо, чодарҳо ва дигар таҷҳизот дар шаб истифода кард афзуд: Ҳамчунин кифи энерги метавонад телефони ҳамроҳ, таблет, нотбук ва дигар дастгоҳҳои электироникиро шорж кунад(заряд дҳад), ин маҳсул, ҳамроҳи идеал барои табиатгардон, кӯҳнавардон ва кампинг аст.