Баргузории маросими тарҳими Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар маҳзари раҳбари муаззами инқилоб
(last modified Wed, 11 Jan 2017 10:46:43 GMT )
Январ 11, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими тарҳими Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар маҳзари раҳбари муаззами инқилоб

Маросими тарҳими рафиқи дерин ва ҳамсангари даврони муборизот ва ҳамкори наздики даврони ҷумҳурии исломӣ, Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон аз сӯи раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Ҳусайнияи имом Хумайнӣ (р) бо ҳузури ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ баргузор шуд.

Дар ин маросим аъзои хонавода ва бастагони Оятуллоҳ Ҳошмии ‌Рафсанҷонӣ, раисони қувои сегона, масъулони кишварӣ ва лашкарӣ, қишрҳои мухталифи мардум ва бархе аз мақомоти кишварҳои мухталиф ҳузур доштанд .

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ, имом ҷумъаи муваққати Теҳрон рӯзи чаҳоршанбе дар маросими тарҳими Оятуллоҳ Ҳошмии ‌Рафсанҷонӣ, имон ба худо ва истодагӣ дар роҳи ҳақро муҳимтарин вижагии раиси фақиди Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон донист .

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ афзуд: Миллати Эрон ҳаргиз муборизоти Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар режими Паҳлавӣ, ҷибҳаи истикбор ва ҳамчунин хадамот ва масъулиятҳои вайро дар мақотеи мухталифе монанди даврони дифои муқаддас, Маҷлиси Шӯрои исломӣ, раёсатҷумҳурӣ ва Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом аз ёд нахоҳад бурд.

Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон шомгоҳи якшанбеи гузашта ба далели оризаи қалбӣ даъвати ҳақро лаббайк гуфт .