Қаҳрамонии Эрон дар рақобатҳои гуштини фарангии ҷавонони Осиё
Қаҳрамонии биломунозе(бидуни мухолиф)-и Эрон дар рақобатҳои гуштини фарангии ҷавонони Осиё.
Рақобатҳои куштии фарангии ҷавонони қаҳрамонии Осиё рӯзҳои 30 ва 31 тирмоҳ дар Таиланд баргузор шуд.
Ба гузориши Порс тудей, дар поёни ин рақобатҳо Алӣ Аҳмадии Вафо дар вазни 55 килограм, Ирфони Ҷарканӣ дар вазни 63 килограм, Алиризо Абдувалӣ дар вазни 77 килограм, Муҳаммадҳодии Сайдӣ дар вазни 87 килограм, Ҳамидризо Кишткор дар вазни 97 килограм ва Абулфазли Фатҳӣ дар вазни 130 килограм барои Эрон медоли тилло касб карданд. Аҳмадризои Муҳсиннажод дигари куштигири эронӣ ҳам дар вазни 67 килограм ба медоли нуқра даст пайдо кард. Аҳурои Буюрӣ дар вазни 72 килограм ва Муҳаммади Арҷманд дар вазни 82 килограм низ соҳиби гардановези брунз шуданд.
Дар радабандии тимӣ, тими миллии гуштии фарангии ҷавонони Эрон бо ба даст овардани 6 медоли тилло, як нуқра ва 2 брунз ва касби 206 имтиёз қаҳрамон шуд ва Қазоқистон бо 185 ва Қирғизистон бо 141 имтиёз ба тартиб дувум ва сеюм шуданд.