Июл 23, 2024 12:35 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти 2 ҳазор мувкиби эронӣ дар Ироқ
    Фаъолияти 2 ҳазор мувкиби эронӣ дар Ироқ

Маҷиди Номҷӯ, дабири Кумитаи искону пазироии ситоди марказии Арбаини Ҳусайнӣ аз фаъолияти 2 ҳазору 40 мувкиби эронӣ дар Ироқ хабар дод.

Маҷиди Номҷу имрӯз - душанбе дар нишасти хабарӣ изҳор дошт: Бар асоси барномарезиҳои суратгирифта, илова бар мавокиб (истгоҳҳои пазироӣ аз зоирон)-и эронии мустақар дар Ироқ ҳудуди 1800 мувкиб низ дар навори марзӣ ва масирҳои маҳалли убури устонҳои мухталиф ва транзити зоирони хориҷӣ, ки масири Эронро барои сафар ба атаботи олиёт интихоб мекунанд, фаъолият доранд.

Дабири Кумитаи искону пазироии Ситоди марказии Арбаини Ҳусайнӣ бо баёни ин ки гармои ҳавои имсол шиддати бештаре нисбат ба соли гузашта хоҳад дошт, гуфт: Пешбиниҳои лозим барои оби хунук ва яхи мавриди ниёз шудаву мушкиле вуҷуд нахоҳад дошт.

Номҷӯ изҳор дошт: Ҳамакнун ҳудуди 5 ҳазор мувкибдор вориди сомонаи ин кумита шуда, ки пас аз баррасиҳои анҷомгирифта барои 1200 мувкиб шиносаи миллӣ содир шуда, ки ин раванд ҳамчунон идома дорад.

Дабири Кумитаи искону пазироии Ситоди марказии Арбаини Ҳусайнӣ гуфт: Бино ба эъломи омодагии мувкибдорҳо ҳудудан фаъолияти онҳо аз 10 сафар оғоз ва то 23 сафар идома хоҳад дошт.

20 сафари 1446 ҳиҷрии қамарӣ (25 августи 2024) арбаини шаҳодат (40 рӯз)-и ҳазрати имом Ҳусайн (а), набераи ҳазрати Муҳаммад (с), фарзанди ҳазрати Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с.а) ва ёрони бовафои эшон дар саҳрои Карбало аст.

Миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаини Ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало мешаванд.

 

Барчасп