Хоҳиши Арабистони Саудӣ барои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эрон
(last modified Tue, 23 Jul 2024 08:43:26 GMT )
Июл 23, 2024 13:43 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои Эрону Арабистон
    Тавсеаи ҳамкориҳои Эрону Арабистон

Муовини вазири дипломатияи иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз хостори Риёз барои ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Теҳрон хабар доду гуфт,  Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Арабистони Саудӣ ба зудӣ баргузор мешавад.

Меҳдии Сафарӣ, муовини вазири дипломатияи иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар як нишасти хабарие, ки дар ҳошияи намоишгоҳи “1200 рӯзи дипломатия дар ҳукумати сездаҳум” баргузор шуд, дар вокуниш ба як суол бо ишора ба сафари ахири худ ба Риёз, аз вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ даъват кард, ба Эрон барои боздид аз фанновариҳои ҷадиди Эрон биёяд.

Вазири сармоягузории Арабистон бо ишора ба баргузории комиссияи муштараки иқтисодӣ миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ дар ояндаи наздик, гуфт: Риёз барои ҳамкорӣ бо Теҳрон дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷорӣ майл дорад.

Муовини вазири дипломатияи иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон низ ин хабарро эълом кард, ки нишасти Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Арабистони Саудӣ дар ду то се моҳи оянда баргузор мешавад.

Вай афзуд: Дар сатҳи раҳбарони ду кишвар дидору машваратҳо бар асоси тарҳҳо таҳия шуда ва дар он дидорҳо, машваратҳо ва гуфтугӯҳо дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои мухталиф сурат хоҳад гирифт.

Сафарӣ бо ишора ба яке аз авлавиятҳои Эрон дар транзит ва таҳкими долонҳо, аз қабили долони Шимол - Ҷануб ва Чобаҳор гуфт: Дар соли гузашта ҳудуди 17 миллион тон транзит вуҷуд дошт, ки ҳудуди 1 миллиарду 700 миллион доллар даромади Эронро ба бор овард ва онҳо пешбинӣ мекунанд, ки мизони транзит дар соли 1403 (2024) ба 20 миллион тон мерасад.

Муовини вазири дипломатияи иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон низ ба хуруҷи қатори эронӣ ба Чин дар чаҳорчӯби иҷрои қарордоди 25-сола ишора карду афзуд: Бар асоси тавофуқ, миқдори таъруфаҳое, ки дар назар аст бо ин мақсад дар чаҳор кишвари Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Чин яксон хоҳад буд ва ҳафтаи гузашта ҳаракати қатори Чин ба Эрон оғоз шуд.