Июл 23, 2024 19:05 Asia/Dushanbe

Эрон дар садри мизони пардохти подош ба қаҳрамонони олимпии 2024 қарор гирифт.

Ба гузориши хабарнигори гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва симо, пас аз эъломи подоши 10 миллиард тумон(пули миллии Эрон) барои нишони тилло, 4 миллиард тумон барои нишони нуқра ва 2 миллиард тумон барои нишони брунзаи Олимпии 2024 Порис тавассути Кумитаи миллии олимпӣ, вазорати варзиш ҳам ҷавоизи қаҳрамонони олимпии Фаронсаро 8 миллиард тумон барои тилло, 4 миллиард тумон барои нуқра ва 2 миллиард тумон барои нишони брунз дар назар гирифт, ки бо ҷамъи ин маболиғ Эрон дар пардохти подош ба қаҳрамонони олимпии Фаронса дар байни 23 кишваре, ки маболиғи подошҳояшонро эълом кардаанд, дар садр қарор гирифтааст. Албатта ин дар ҳоле аст, ки бархе аз кишварҳо аз ҷумла Арабистон ҳануз мизони ҷавоизи иҳдоӣ ба қаҳрамонони худро эълом накардаанд.

 

Барчасп