Партоби 8 моҳвораи эронӣ ба фазо дар соли ҷории хуршедӣ
Созмони фазоии Ҷумҳурии исломии Эрон аз барномарезӣ барои партоби ҳашт моҳвора ба фазо дар соли ҷорӣ хабар дод.
Созмони фазоии Ҷумҳурии исломии Эрон барномаҳои худ дар соли ҷории хуршедӣ (1403) -ро ташреҳ кард, ки бар асоси он дар маҷмуъ партоби шаш то ҳашт моҳвора ба фазо барои соли ҷорӣ барномарезӣ шудааст.
Дар ташреҳи барномаҳои Созмони фазоии Эрон метавон ба партоби моҳвораҳои “Кавсар”, “Зафар 1”, “Зафар 2” ва “Тулуъ 3” тавассути моҳворабари хориҷӣ ва ҳамчунин чанд моҳвораи дохилӣ бо партобгарҳои бумӣ ишора кард.
Партоби моҳвораҳои “Кавсар”, ва “Зафар 2” ва тавсеаи санъати партобу мадоргузории “Тулуъ 3” тавассути моҳворабари хориҷӣ ҷузви барномаҳои байналмилалии тавсеаи санъати партобу мадоргузории Созмони фазоии Эрон қарор гирифтааст.
Дар бахши бумӣ низ тарроҳӣ ва сохти капсули 500 килограмӣ бо қобилияти GNC, тарроҳиву сохти капсули 1500 килограмӣ бо қобилияти GNC ва тарроҳиву сохти намунаи ҷирмии моҳнавард, моҳгард ва маҳмулаи иктишофии моҳ ишора кард.